Яҳудиёни Хуҷанд

Яҳудиёни Хуҷанд

Аз рӯи маълумоти оморӣ, соли 1927 дар Хуҷанд 75 оилаи яҳудиён зиндагӣ доштанд. Шумораи онҳо ба 380-400 нафар мерасид. Яҳудиён асосан дар маҳаллаҳои шафати Панҷшанбе сукунат доштанд. Яҳудиён дар Хуҷанд аз соли 1868 сукунат ихтиёр карда, то фурӯпошии Шӯравӣ шумори оилаҳояшон ба 1000 расид. Яҳудиён дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият мекарданд. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 10 нафар омӯзгорони мактабҳои миёна, 4-5 нафар духтурон, дар шаҳри Хуҷанд 1-2 нафар кормандони прокуратураи шаҳр, 36-40 нафар дар дӯконҳои мӯйсаргирӣ, 5-6 нафар суратгир, 6 нафар омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Хуҷанд ва боқимондаи он бо касби заргарӣ, дандонсозию сохтани асбобҳои ороишии занону духтарон хидмат мекарданд. Педагог Н. К. Давидов, Н. Давидов, А. М. Михайлов, Д. М. Шпринберг - декани факултаи забонҳои хориҷӣ, Р. Бадалова - номзади илми кимиё, Мишеев А., Маталов, мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Б. Ғафуров Хаимов Н. ва хоҳари ӯ Хаимова А., директори мактаби №5-и шаҳри Хуҷанд ва муаллимаи забон ва адабиёти мактаби миёнаи №20-и шаҳри Хуҷанд, духтур - стоматолог, дандонсоз Закинов, И. Е. Михайлов - духтури гӯшу бинию гулӯ - ҷарроҳ кор мекарданд. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ онҳо ба Ватани бобоияшон - Исроил, ИМА, Италия, Канада ва ба дигар давлатҳо кӯч бастаанд. Охирин яҳудии Хуҷанд Ҷӯра Абаев буд, ки моҳи январи соли 2021 аз олам даргузашт. Аз онҳо як қабристон ба ёдгор мондааст.

 

С. Худойбердиев

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Муҳоҷирон дигар наметавонанд зиёда аз як миллион рублро аз Русия бароранд

Аз Русия бо худ ба Ватан бурдани пули нақд барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик душвор мегардад. Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонидааст, ки тибқи он қоидаҳои аз кишвар баровардани пули нақд сахттар карда мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи расмии президенти Русия хабар дода...


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...