АХБОР

Моҳи шарифи Рамазон Муборак бошад, дӯстони азиз!
Муфтӣ, раиси Шӯрои олимони Ҷумҳурии Доғистон Шайх Аҳмад Пир сокинони кишварро бо моҳи мубораки Рамазони дар пеш истода табрик гуфт.
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.
Бародарон ва хоҳарони азиз! Шуморо бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон - моҳи ибодат ва шафқат самимона табрик мегӯям. Ҳамаи мо, бо раҳмати Офаридгор, рӯзҳои душворро паси сар кардем. Як сол пеш, тақрибан дар ҳамин замон, пандемияи коронавирус оғоз ёфт, ки дӯстони зиёд, оила ва наздиконро аз даст додем. Дар навиштаҳои муқаддас омадааст, ки: “... сабукӣ пас аз ҳар мушкили меояд”. Бо иродаи Худои таъоло вазъ тадриҷан беҳтар шуда истодааст. Дар бисёр минтақаҳо барои аҳли дин масҷидҳо барои намозгузорӣ боз шуданд. Шукри ҳамаи ин ба Худои таъолост.
Бародарон ва хоҳарони азиз! Умедворам, ки бо гузашти ҳама мушкилоти муваққатӣ, моҳи Рамазон, чун ҳамеша, хонаву қалби моро пур аз шодмонӣ хоҳад кард. Ватани моро фаровонӣ бахшида, қалбҳои моро имондори умед ба Худо мекунад. Моҳи Рамазон моҳи тавба ва таҳсил, тарсидан аз Худо ва қаноат, сабр ва фурӯтанӣ, раҳмат ва садақа, ҳамбастагӣ ва ваҳдат аст. Рӯзадор будан, бо лутфи Ҷонофарин моро ба камоли руҳонӣ наздик хоҳад кард.
Аз Офаридгор хоҳиш менамоям, ки ҳар рӯз ба мо марҳамат ва баракати хешро расонад. Инчунин аз Аллоҳи Бузург ва Меҳрубон хоҳиш мекунам, ки аъмоли рӯза, некиҳо, намози таровеҳро қабул фармояд. Ободиву осойиштагиро дар ҳарду ҷаҳон ба мо фиристад. Додани сарват ба камбизоатон моли одамро кам намекунад, баръакс онро зиёдтар хоҳад кард. Пас, биёед аз баракати Худованди Мутаъол мардумро шод гардонем, зеро моҳи Рамазон моҳи пайгирӣ дар корҳои хайр аст. Бигзор Ҷаҳонофарин ба мо кӯмак кунад, ки ин рӯзҳои муборакро дар хидмат ба Ӯ гузаронида, сиголиш (дуъо)-и мо сабаби тозагии рӯҳ ва бадан гардад. Омин.
Самиҷон Абдуллоеви накӯкор
Дар нашрияи Екатеринбург ва дигар ВАО-и Россия дар бораи Самиҷон Абдуллоев, зодаи Тоҷикистон хабаре хондем, ки бо ҳамсараш 8 кӯдаки 7 миллати гуногунро ба фарзандӣ қабул кардаанд.

Дар акс Комилаи 5 сола, Арсений ва Мансури 7 сола, Мадина ва Ӯлмаси 8 сола, Марати 10 сола, Музаффари 6 сола, Мусаввири 12 солаи маҷруҳ ва Самиҷон бо ҳамсараш. Ин хонаводаи гуногунмиллат иборат аз 10 тан дар шаҳраки “Большой Исток”, 27 километр дуртар аз Екатеринбург иқомат мекарданд. Шаби 8 октябри соли гузашта, дар ҳаммоми ҳамсоя сӯхтор ба амал омада, хонаву мошину санад ва дигар анҷоми рӯзгори Самиҷонро сӯхта, несту нобуд кард. Дар ин бора расонаҳои хабарии шаҳр хабар дода буданд, ки дар як замон аз офати ба сар омадаи ин хонаводаи бузург ҳамаро ғамгин сохт. Самиҷон нафақахӯри низомӣ буда, баъди адои хизмат аз рӯйи қарордод ба ҳайси тарҷумон кор карда, то имкони доштаи худ хонаводаро сарпарастӣ дорад. Ӯ тавонист, ки хонаводаи ғайриоддие бунёд намояд. Дар соли 2007-ум дар шаҳраки “Большой Исток” хона сохт ва 2 тоҷику тотору қазоқу украину бошқиру қирғизу ӯзбекро ба фарзандӣ гирифта, дӯстона зиндагии нав оғоз карданд.
Тарбиятдиҳандагони боғча, омӯзгорони мактаб, ҳамсояҳо ва дигар сокинони ин шаҳрак доимо тавсифи поквиҷдониву боинтизомии ин хонаводаро доранд. Баъди сӯхтани хона ҳамдеҳагон кӯдаконро бо ғизо, либос, кафш, анҷоми дарсӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин карданд. Инсонҳои наҷиб он қадар анҷоми зиёд оварданд, ки ҷойи мондан набуд. Шаҳрдор ба онҳо хонаи дуҳуҷрадори 33 м² доштаро пешниҳод кард, ки барои ойилаи 10 каса бисёр танг буд. Хона сӯхта, ба хок яксон шуда буд. Зарурати азнавсозии хона ба миён омад ва маблағи хеле зиёд низ лозим буд. Оташ ҳама чиз, ҳатто хазинаи ойиларо низ сӯзонда нест карда буд. Самиҷон Абдуллоев дар ятимхона ба воя расида, Омӯзишгоҳи ҳарбӣ-ҳавойии шаҳри Волскро хатм карда, дар артиши Иттиҳоди Шӯравӣ ва баъд дар нерӯҳои мусаллаҳи Россия ба ҳайси халабон (пилот)-и ҳарбӣ хидмат кардааст. «Ман дар ятимхона ба воя расида, машаққати зиндагиро ба чашми худ дида, ҳамон вақт қавл дода будам, ки ҳатман аз ятимхона кӯдакеро гирифта, ба воя хоҳам расонд”. Баъди ба нафақа баромадан Самиҷон ва ҳамсараш ибтидои соли 2008 кӯдакеро, ки волидонаш аз баҳраш гузашта буданд, ба фарзандӣ гирифта, Мусаввир ном ниҳоданд. Маълум шуд, ки Мусаввир бемории фалаҷ дорад ва роҳ гашта наметавонад. Табибон ба Абдуллоевҳо маслиҳат доданд, ки ягон кӯдаки навзоди дигарро ба фарзандӣ бихонанд, то Мусаввир ҳаракати ӯро такрор намояд ва мумкин ин ба беҳшавии бемории ӯ кумак кунад.
«Ҳамин тавр, мо Арсенийро ба фарзандӣ хондем, сипас кӯдаки сеюм, чорум, панҷум… Ҳоло мо 8 кӯдакро тарбия дорем», – мегӯяд Самиҷон. Роҳбари хазинаи хайрияи «Фонд святой Екатерины» миллиардер Игор Алтушкин аз ин ҳодисаи нохуш дарак ёфта, ба оилаи Абдуллоевҳо дар шаҳраки Адмирал, ки ба “Большой Исток” наздик аст, хонаи нав тақдим кард. Аз шаҳрдории Екатеринбург низ ҳамон замон хабар омад, ки оилаи зарардида то соли нави 2021 бо манзил таъмин хоҳад шуд.
Ҳайати эҷодии “Ас-салом” “Бо дуруд” Шамсиддини Муқим
Сӯхтор дар анбор
Бародарон ва хоҳарон азиз бо эҳтиёт бошед. Дар ноҳияи Толятти Россия дар як анбор сӯхтор сар задаст, ки талафоти ҷонӣ дар пай дошт. Котиботи шӯъбаи назорати вилояти Самара хабар медиҳад, ки дар сӯхтор кӯдаки 2 - сола аз Тоҷикистон ҷон бохтааст.

Ба иттилои манбаъ, дар анбори мазкур як хонаводаи тоҷик зиндагӣ мекарданд. Ҳодисаи нохуш рӯзи 24 феврал сар задаст ва сабаби он «нодуруст истифода шудани дастгоҳи гармидиҳӣ» арзёбӣ мешавад. Манбаъ меафзояд, муҳоҷири тоҷик ду фарзанди худро аз алангаи оташ берун овард, вале фарзанди 2 - солаи ӯ ҷон аз даст дод. Гуфта мешавад, волидони кӯдаки марҳум ҳоло дар беморхона қарор доранд. Зимнан, қайд мешавад, ки пас аз сӯхтор прокуратура санҷиш ташкил карда, дар ҷараёни он маълум гардид, ки анбор барои фаъолияти тиҷоратӣ бо иштироки муҳоҷирон истифода шудааст. Ҳоло қонунӣ будани кори шаҳрвандони хориҷӣ тафтиш карда мешавад.
Сарчашма: «Спутник»